Ҷилавгирии мақомоти гумруки Суғд аз кӯшиши интиқоли героин ба Русия

Мақомоти гумруки вилояти Суғд аз кӯшиши навбатии интиқоли маводи мухаддир ба қаламрави Русия ҷилавгирӣ намуданд. Чуноне аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ин далел дар Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд ҳангоми азназаргузаронии гумрукии бағочи мусофирони хатсайри ҳавоии Хуҷанд-Маскав ошкор шудааст. Ба иттилои манбаъ, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар […]

Наргис Ҳамробоева


Мақомоти гумруки вилояти Суғд аз кӯшиши навбатии интиқоли маводи мухаддир ба қаламрави Русия ҷилавгирӣ намуданд.

Чуноне аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ин далел дар Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд ҳангоми азназаргузаронии гумрукии бағочи мусофирони хатсайри ҳавоии Хуҷанд-Маскав ошкор шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон У.М. боздошт гардида, гумрукчиён аз дохили пойафзоли ӯ чаҳор бастаи селлофании дорои ҳудуди 500 грамм маводи мухаддири героинро дарёфт ва мусодира кардаанд.

Зикр гардид, ки гумонбаршуда боздошт гардида, аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба тафтишоти ҳодисаи мазкур мақомоти прокуратураи нақлиёти вилояти Суғд машғул мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.