Маҳкумияти роҳбарони хоҷагии зотпарварии «Панҷ» барои дуздии воситаҳои давлатӣ

Суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон роҳбари хоҷагии зотпарварии «Панҷ» Муҳаббат Адҳамовро ба 5 соли зиндон маҳкум намуд. Бино ба гуфтаи сарёвари прокурори вилояти Хатлон Гулмаҳмад Пиров, суд Адҳамовро мутобиқи моддаҳои 245, қ. 4 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 314, қ. 3 (Сўиистифода аз ваколатҳои мансабӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста, ба ӯ ин муҳлати […]

Сайраҳмон Назриев


Суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон роҳбари хоҷагии зотпарварии «Панҷ» Муҳаббат Адҳамовро ба 5 соли зиндон маҳкум намуд.

Бино ба гуфтаи сарёвари прокурори вилояти Хатлон Гулмаҳмад Пиров, суд Адҳамовро мутобиқи моддаҳои 245, қ. 4 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 314, қ. 3 (Сўиистифода аз ваколатҳои мансабӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста, ба ӯ ин муҳлати ҷазоро сазовор донистааст.

Дар баробари директор ҳамчунин сармуҳосиби хоҷагӣ Суюнхал Эшонқулов, мудири фермаи хоҷагӣ Маннон Қосимов ва директори хоҷагии деҳқонии «Сарҳад»-и ноҳияи Панҷ, бародари М.Адҳамов – Акбар Адҳамов низ муҷозот шудаанд. Ҳамаи онҳо ба 8,6 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум карда шудаанд.

Ба қавли прокурор, ҳамаи маҳкумшудагон ба азхудкунии амволи давлатӣ айбдор дониста шудаанд.

Дар ҷараёни мурофиаи судӣ ошкор шудааст, ки бо ин амали худ онҳо ба давлат дар ҳаҷми беш аз 750 ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.