Вазорати энергетика интиқоди Шарифовро беасос унвон кард

Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон интиқоди вакили палатаи поёнии парлумон Суҳроб Шарифовро нисбати фаъолияти вазорат, ки дар ҷаласаи навбатии парлумон садо дод, беасос арзёбӣ карда, посухи расмӣ интишор намуд. Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4-уми апрел зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи ангишт» дар ҷаласаи парлумон вакил Суҳроб Шарифов фаъолияти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳуриро тайи […]

ASIA-Plus


Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон интиқоди вакили палатаи поёнии парлумон Суҳроб Шарифовро нисбати фаъолияти вазорат, ки дар ҷаласаи навбатии парлумон садо дод, беасос арзёбӣ карда, посухи расмӣ интишор намуд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4-уми апрел зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи ангишт» дар ҷаласаи парлумон вакил Суҳроб Шарифов фаъолияти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳуриро тайи солҳои ахир мавриди интиқоди шадид қарор дод.

Ҳангоми суханронӣ ӯ зикр кард, ки муддати 10 сол аст, ки Тоҷикистон дар буҳрони энергетикӣ қарор дорад ва мардум эҳсос намекунад, ки ин вазорат коре мекунаду ба ягон натиҷае муваффақ мегардад.

Агарчанде вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ ба ин интиқод посухи кӯтоҳе дода изҳор карда буд, ки «дар вазорат оид ба раҳо кардани кишвар аз буҳрони энергетикӣ тарҳҳои зиёде мавҷуданд ва дар ин самт корҳои зиёде ҳам аллакай анҷом дода шудаанд», вале ба назар мерасад инро дар вазорат кофӣ надонистаанд.

Дар посухи кунунии вазорат аз ҷумла гуфта мешавад, «С. Шарифов солҳои тӯлонӣ ба ҳайси роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, мутаассифона, нисбат ба сиёсати муайяншудаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин самт корҳое, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Роҳбари давлат дар комплекси сӯзишворию энергетикӣ ба анҷом расидааст, беиттилоӣ изҳор менамояд ё ин ки баҳои беасос медиҳад».

«Вазорат вобаста ба мавқеъгирии С. Шарипов иброз медорад, ки ӯ ҳамчун вакил аз дастовардҳои соҳа бехабар буда, метавонист ҳамчун вакил ё ин ки шаҳрванд оиди дастовардҳои соҳаи энергетика ва саноат аз вазорат маълумоти дақиқ дастрас намояд», – изҳор мегардад дар посух.

Дар идомаи посух шарҳу тавзеҳи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар бахши энергетикаву саноат тайи 12 соли ахир зикр шудааст.

Ҳамчунин дар посухи вазорат хотирнишон мегардад, ки баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи ангишт», ки бори аввал 07.03.2012 дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон аз рӯзномаи ҷаласа бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон Зуҳуров Ш. З. бо сабаби оне, ки Вазири энергетика ва саноат мӯҳтарам Гул Шералӣ иштирок надошт, хориҷ карда шуд. «Бояд тазаккур дод, ки Вазири энергетика ва саноат мӯҳтарам Гул Шералӣ ба ин ҷаласа даъват нашуда, тибқи дархости Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷуҳурии Тоҷикистон муовини вазири энергетика ва саноат, сарпарасти соҳа иштирок намуд», – омадааст дар посух.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.