Ҳисоботи телефонии раисони 11 шаҳру навоҳӣ ба сарвари давлат

Ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик, Исфара, Конибодом, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ телефонӣ ҳисоб доданд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои мазкур доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти иқтисодию молиявӣ дар семоҳаи аввали соли равон, рафти киштукори баҳорӣ, рафъи оқибатҳои обхезию дигар […]

ASIA-Plus


Ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик, Исфара, Конибодом, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ телефонӣ ҳисоб доданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои мазкур доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти иқтисодию молиявӣ дар семоҳаи аввали соли равон, рафти киштукори баҳорӣ, рафъи оқибатҳои обхезию дигар офатҳои табиӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ ҳисобот доданд.

Сарвари давлат зимни суҳбати телефонӣ ба онҳо доир ба тезондани киштукори сабзавот, пахта ва дигар зироатҳо, вусъат додани ниҳолшинонӣ ва таъмини кишоварзон бо техника, сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки барои аз истифодаи кишоварзӣ дур намондани заминҳои корам аз ҳар рӯзи офтобӣ бояд пурсамар баҳрабардорӣ намуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиии рухдода ва ҳолатҳои эҳтимолии фавқулоддаи оянда зоҳир гардид. Дастур дода шуд, ки барои ҳифзи мардум аз хавфи фурӯд омадани ярчу тарма, обхезӣ, боронҳои селу жола ва дигар офатҳои табиӣ омодагии ҷиддӣ бинанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.