Ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсози масоили дифои зиддиҳавоии ИДМ дар Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамоҳангсози масоили дифои зидииҳавоии назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кор оғоз кард. Чуноне аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҷаласа таҳти раёсати сарфармондеҳи Нерӯҳои низомии ҳавоии Русия генерал-полковник Александр Зелин доир мегардад. «Дар кори ҷаласа намояндагони вазоратҳои мудофиаи давлатҳои Арманистон, […]

Наргис Ҳамробоева


Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамоҳангсози масоили дифои зидииҳавоии назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кор оғоз кард.

Чуноне аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҷаласа таҳти раёсати сарфармондеҳи Нерӯҳои низомии ҳавоии Русия генерал-полковник Александр Зелин доир мегардад.

«Дар кори ҷаласа намояндагони вазоратҳои мудофиаи давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Туркманистон ширкат меварзанд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласа фармондеҳи Нерӯҳои низомии ҳавоӣ ва дифои зиддиҳавоии ҶТ генерал-майор Раҳмоналӣ Сафаралиев роҳбарӣ менамояд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа баррасии беш аз 20 масъала, аз ҷумла масоили марбут ба такмил ва рушди низоми муттаҳидаи нерӯҳои дифои зиддиҳавоӣ ва ҳамчунин таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи дифои зиддиҳавоӣ дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.