Муассисаҳои буҷетии ҷануби кишвар ба афзоиши қимати барқ омода нестанд

Бемористони марказии ноҳияи Восеъ, ки дорои 214 кат аст, бо қарзи 30 ҳазор сомонӣ яке аз пешсафон дар пардохт накардани маблағи истифодаи барқ аз ҷониби муассисаҳои буҷетӣ дар минтақаи Кӯлоб аст. Чуноне як манбаъ аз бемористони мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бо афзоиши қимати барқ аз 1-уми апрели соли равон, мушкилоти пардохти маблағи истифодаи […]

Турко Дикаев


Бемористони марказии ноҳияи Восеъ, ки дорои 214 кат аст, бо қарзи 30 ҳазор сомонӣ яке аз пешсафон дар пардохт накардани маблағи истифодаи барқ аз ҷониби муассисаҳои буҷетӣ дар минтақаи Кӯлоб аст.

Чуноне як манбаъ аз бемористони мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бо афзоиши қимати барқ аз 1-уми апрели соли равон, мушкилоти пардохти маблағи истифодаи он боз бештар хоҳад шуд. «Ба чунин муассисаи тиббии бузург барои пардохти маблағи истифодаи барқ дар соли 2012 ҳамагӣ 8933 сомонӣ ҷудо шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки талабот ҳадди аққал 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад», – мегӯяд ӯ.

Ба қавли манбаъ, агарчанде тайи як-ду соли ахир атрофи болоравии нархи истифодаи барқ гуфтугузорҳо сурат гирифта бошанд ҳам, дар нақшаи хароҷоти соли 2012 болоравии қимати барқ аз 1-уми апрел ба эътибор гирифта нашуда, он чун соли гузашта дар ҳаҷми 8933 сомонӣ боқӣ мондааст.

Бино ба иттилои як манбаъ дар Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, дар минтақа ҳамасола барои хароҷоти истифодаи барқ на бештар аз 35-40% аз талабот маблағ ҷудо мегардад ва агар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба кумак дар ҳалли ин масъала қодир набошанд, қарзҳои муассисаҳои тиббӣ сол то сол зиёд мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз муассисаи шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб хабар доданд, маблағи қарзҳои муассисаву ташкилотҳои буҷетии минтақа ба 1 млн. сомонӣ наздик мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.