Роҳбари Tajinfo: Ҳалокати шаҳрвандони тоҷик дар сӯхтори Маскав дурӯғ аст

Маълумоти бардурӯғ дар бораи ҳалокати 17 нафар шаҳрвандони тоҷик бар асари сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмони Качаловои шаҳри Маскав то ҳанӯз дар фазои иттилоотии Русия «сайр» дорад, – иброз дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари медиахолдинги тоҷикии Tajinfo Муҳаммади Эгамзод. Номбурда мегӯяд, аз он дар тааҷҷуб аст, ки чаро ВАО-и Русия хулоса баровардаанд, […]

Пайрав Чоршанбиев


Маълумоти бардурӯғ дар бораи ҳалокати 17 нафар шаҳрвандони тоҷик бар асари сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмони Качаловои шаҳри Маскав то ҳанӯз дар фазои иттилоотии Русия «сайр» дорад, – иброз дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари медиахолдинги тоҷикии Tajinfo Муҳаммади Эгамзод.

Номбурда мегӯяд, аз он дар тааҷҷуб аст, ки чаро ВАО-и Русия хулоса баровардаанд, ки ҳамаи ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

«Шояд ин ҷо гап сари он бошад, ки субҳи рӯзи 3-юми апрел ба ҷойи ҳодиса нахуст кормандони сафорат ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҳозир шуда, бо кормандони мақомоти тафтишот ҳамкорӣ доштанд ва рӯзноманигорони руси дар он ҷо ҳузурдошта аз ин ба чунин хулосае расидаанд, ки ҳалокшудагон ҳама тоҷиконанд?», – суол медиҳад ӯ ва илова мекунад, ки баъдтар маълум шуд, ки ҳалокшудагон асосан шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд.

Ба қавли Эгамзод, дирӯз, 5-уми апрел, корманди масъули хадамоти консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Русия Мавҷуда Яъқубова дар ҳузури ӯ бо сардори гурӯҳи тафтишотии машғул ба таҳқиқи қазияи  мазкур дар тамос шуда, аз он ҷониб тасдиқ шудааст, ки миёни ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.

«Айни замон шахсияти 11 нафар ҳалокшудагон муайян гардида, ҷиҳати муайян кардани шахсияти ҷасадҳои боқимонда чораҳо андешида мешаванд», – иброз дошт вай.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.