Таҷрибаандӯзии кормандони Вазорати молия дар Гурҷистон

Кормандони Вазорати молияи Тоҷикистон бо таҷрибаи ҳамтоҳои гурҷии худ дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ дар хазинадорӣ ва сармоягузории берунӣ аз наздик ошно гардиданд. Тавре аз котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, чанде қабл дар шаҳри Тифлис дар чаҳорчӯби татбиқи барномаи PEMPAL оид ба мавзӯи «Хизматгузории молиягузории берунӣ дар хазинадорӣ» семинар баргузор шуда, дар кори он […]

Пайрав Чоршанбиев


Кормандони Вазорати молияи Тоҷикистон бо таҷрибаи ҳамтоҳои гурҷии худ дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ дар хазинадорӣ ва сармоягузории берунӣ аз наздик ошно гардиданд.

Тавре аз котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, чанде қабл дар шаҳри Тифлис дар чаҳорчӯби татбиқи барномаи PEMPAL оид ба мавзӯи «Хизматгузории молиягузории берунӣ дар хазинадорӣ» семинар баргузор шуда, дар кори он кормандони мақомоти молияи 10 кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар семинар масоили марбут ба пешбурди ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ дар хазинадорӣ ва сармоягузории берунӣ матраҳ шуданд.

«Иштирокчиёни семинар бо ҷараёни роҳандозии ислоҳот дар соҳаи молияи Гурҷистон, ки аз ҷониби Хадамоти хазинадории ин кишвар татбиқ мешавад аз наздик шинос шуданд, – зикр карданд дар Вазорати молия. – Иштирокчиён ба низоми пешниҳоди хизматгузории электронии Хазинадории давлатии Гурҷистон, тарзи фаъолияти он ва ҳамчунин ба масоили марбут ба роҳбарӣ ва баҳисобгирии лоиҳаҳои аз ҷониби кишвару созмонҳои мададрасон амалишаванда таваҷҷуҳ зоҳир сохтанд».

Зикр гардид, ки дар ҷараёни кори семинар иштирокчиён имкон пайдо карданд, ки дар бахши таҷдиди низоми миллии хазинадории давлатҳо табодули афкори судманд намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.