Имсол истеҳсоли картошка дар кишвар ба беш аз 1 млн. тонна расонида мешавад

Чанде қабл ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Табошар, Ҷаббор Расулов, Ҷиргатол, Тавилдара, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Норак телефонӣ ҳисобот доданд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, зимни ҳисоботи раисони шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Табошар ва Норак таваҷҷуҳи асосӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ дар семоҳаи аввали соли равон, […]

ASIA-Plus


Чанде қабл ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Табошар, Ҷаббор Расулов, Ҷиргатол, Тавилдара, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Норак телефонӣ ҳисобот доданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, зимни ҳисоботи раисони шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Табошар ва Норак таваҷҷуҳи асосӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ дар семоҳаи аввали соли равон, таъмини фаъолияти шаборӯзии корхонаҳои саноатӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои иловагии корӣ, вусъати ободонию созандагӣ, тармиму навсозии роҳҳои мошингард ва беҳсозии хизматрасонӣ ба мардум зоҳир гардид.

Ба иттилои манбаъ, раисони ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Ҷиргатол, Тавилдара, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод бошад, бештар доир ба суръат бахшидан ба киштукори баҳорӣ, бунёди боғҳои наву навсозии боғҳои кӯҳна ва рушди бахши картошкапарварӣ ҳисобот доданд.

 Тибқи супоришҳое, ки ба раисони ноҳияҳои Ҷиргатол, Тавилдара, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод дода шуд, имсол дар ин ноҳияҳо майдони кишти картошка бояд 2 ҳазор гектар зиёд карда шавад ва ин имкон медиҳад, ки иловатан 4 ҳазор нафар бо кор таъмин гарданд.

Тибқи дастуру талаботи Сарвари давлат истеҳсоли картошка имсол дар Тоҷикистон бояд ба зиёда аз 1 миллион тонна расонда шавад.

 Ба раисони шаҳру ноҳияҳои кӯҳистон, ҳамчунин доир ба пешгири аз хатари обхезӣ, ярчу тарма ва дигар офатҳои табиӣ низ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.