Бақияи қарзҳои бонкҳои кишвар ҳудуди 920 млн. $-ро ташкил дод

Бақияи умумии қарзҳои аз ҷониби муассисаҳои молиявии қарздиҳӣ пешниҳодшуда дар Тоҷикистон дар охири феврали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,7 фоиз афзуда, 4, 35 млрд.. сомонӣ (ҳудуди 920 млн. $)-ро ташкил намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, аз он ҷумла, бо пули миллӣ 1 861,2 млн. сомонӣ ва […]

ASIA-Plus


Бақияи умумии қарзҳои аз ҷониби муассисаҳои молиявии қарздиҳӣ пешниҳодшуда дар Тоҷикистон дар охири феврали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,7 фоиз афзуда, 4, 35 млрд.. сомонӣ (ҳудуди 920 млн. $)-ро ташкил намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, аз он ҷумла, бо пули миллӣ 1 861,2 млн. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 2 495,4 млн. сомонӣ қарз дода шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар таркиби бақияи қарзҳо 30,2 фоиз ё 1 317,6 млн. сомониро ҳиссаи қарзҳои дарозмуддат ташкил доданд, ки нисбат ба соли қаблӣ 3,1 фоиз зиёд шуд. «Дар ду моҳи аввали соли равон фоизи миёнавазни қарзҳо дар низом бо пули миллӣ 19,79 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 24,01 фоизи солонаро ташкил намуд», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти БМТ.

Зикр гардид, ки бинобар афзоиши талабот ба маблағҳои озод, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар моҳҳои мазкур нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 33,2 фоиз зиёд гардида, ба 447,3 млн. сомонӣ баробар шуд. «Аз ҷумла, 90,7 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарз дода шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 26,9 фоиз зиёд аст», – афзуд манбаъ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.