Осеби 25 хонавода аз офати табиӣ дар ноҳияи Балҷувон

Date:


Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ бар асари офати табиӣ 25 хонавода осеб дида, ҳамчунин ба чоҳи нафту газ низ зарар расонида шуд.

Чуноне аз Кумитаи ҳолатҳои фақулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, рӯзи 10-уми апрел бар асари боришоти зиёд оби дарёҳои Сурхоб ва Оби Мазор аз соҳил баромада, дар натиҷа манзили 25 хонавода дар деҳоти Куҳнабалҷувон ва Калатачанори ноҳияи Балҷувон зери об мондаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мавзеъ аз офати табиӣ ҳамчунин чоҳи нафту гази №94 ва як қатор биноҳои куҳна хисорот бардоштаанд.

Айни замон дар макони офат мутахассисони ситоди маҳаллӣ машғули коранд. Ҳаҷми зарар мавриди санҷиш қарор дошта, ҳеҷ яке аз сокинони маҳаллӣ осеб надидаанд.

Худи ҳамин рӯз бар асари боришоти шадид дар ноҳияи Ҳисор сел омада, роҳҳои мошингард ба деҳаҳои Арбобӣ, Қипчоқ, Чангобӣ ва Ҳаитӣ баста шуданд. «Айни замон оқибатҳои сел бартараф гардида, роҳҳои мошингард боз шуданд», – афзуданд дар КҲФ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...