Оғози мурофиаи судии ҳафтавори «Фараж»

Дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мурофиа судӣ нисбат ба ҳафтавори «Фараж» дубора барқарор шуд. Ҳафтаномаро ба паст задани шаъну эътибор ва мартабаи корӣ гунаҳкор медонанд. Аризаи даъвогӣ аз ҷониби сокини ноҳияи Рӯдакӣ, муовини раиси яке аз ҷамоатҳои ин ноҳия Файзиддин Азизов пешниҳод шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати нашрия Гулчеҳра Холматова хабар дод, баҳс […]

Наргис Ҳамробоева


Дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мурофиа судӣ нисбат ба ҳафтавори «Фараж» дубора барқарор шуд. Ҳафтаномаро ба паст задани шаъну эътибор ва мартабаи корӣ гунаҳкор медонанд. Аризаи даъвогӣ аз ҷониби сокини ноҳияи Рӯдакӣ, муовини раиси яке аз ҷамоатҳои ин ноҳия Файзиддин Азизов пешниҳод шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати нашрия Гулчеҳра Холматова хабар дод, баҳс сари масъалаи нашри мақолаи «Даҳшат дар суди Рӯдакӣ: «Мерседес» – 22 000 ҳазор доллар» (ҳафтавори «Фараж» аз 17-уми августи соли 2011) асос ёфтааст.

Дар ҳафтавор тибқи асноди судии мавҷуда дар бораи ҳодисаи садамаи нақлиёт ва аз бархӯрд бо автомашинаи дигар осеб дидани автомашинаи тамғаи «Мерседес»-и истеҳсоли соли 1990 меравад, ки таҳти идораи Ф.Азизов қарор дошт. Суди ноҳияи Рӯдакӣ аризаи шикоятии Ф.Азизовро баррасӣ карда, ронандаи автомашинаи дигарро барои расонидани зарар дар ҳаҷми 22 ҳазор доллари ИМА ҷарима бастааст.

«Дар маводи журналист ба қарори суд шубҳа оварда шуда, зикр мегардад, ки феълан арзиши  чунин навъи «Мерседес» дар бозори Тоҷикистон аз 5-6 ҳазор доллари ИМА бештар нест ва шояд маҳз ҳамин омил боиси норозигии даъвогар шуда бошад», – мегӯяд сардабири нашрияи «Фараж» Хуршеди Атовулло.

Даъвогар бар ин назар аст, ки нашрия ва журналист Зевар Шарифова шаъну шарафи ӯро паст зада, ба эътибори кории ӯ зарар расонидаанд ва барои зарари маънавӣ хостори пардохти 500 ҳазор сомонӣ ҷуброни молӣ шуд.

«Моҳи сентябри соли гузашта Азизов бо аризаи даъвогӣ нахуст ба суди ноҳиявии маҳалли иқомат ва ҳамчунин ба суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт муроҷиат кард, вале бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои барасмиятдарории аризаи даъвогӣ ва сокини ноҳияи Рӯдакӣ будани даъвогар, ариза рад карда шуда буд», – гуфт Атовулло.

Айни замон ба баррасии аризаи даъвогии мазкур суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт машғул аст.

Тирамоҳи соли гузашта вакили мудофеи даъвогар ба идораи нашрия омада, бо шарти дар саҳифаҳои нашрия чоп кардани раддия ба мақола мусолиҳаву созишро пешниҳод намуд, вале аз сардабири нашрияи «Фараж» қотеона посухи рад гирифт. «Мо ба баррасии қазия бо Азизов дар суд омодаем», – мегӯяд Х.Атовулло.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.