Гумонбарии собиқ ректори ДИТ ба тасарруфи 1 млн. сомонӣ

Собиқ ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон Нозимҷон Нидоев ба роҳ додани камомад дар истифодаи маблағҳои давлатӣ дар ҳаҷми 1 млн. сомонӣ гумонбар дониста мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд, парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ ректор мутобиқи моддаи 245-и КҶ ҶТ (Азонихудкунӣ ё камомад) боз шудааст. Ба […]

Наргис Ҳамробоева


Собиқ ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон Нозимҷон Нидоев ба роҳ додани камомад дар истифодаи маблағҳои давлатӣ дар ҳаҷми 1 млн. сомонӣ гумонбар дониста мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд, парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ ректор мутобиқи моддаи 245-и КҶ ҶТ (Азонихудкунӣ ё камомад) боз шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин ба ин парвандаи ҷиноӣ мудири хоҷагӣ ва муҳосиби донишкадаи мазкур низ ҷалб шудаанд.

«То ҳанӯз ба онҳо айбнома пешниҳод нашудааст», – таъкид карданд дар Агентӣ.

Тафсилоти парвандаи мазкур ҳангоми тафтишот алҳол шарҳ дода намешавад.

Ёдрас мекунем, ки аз моҳи ноябри соли гузашта Нозимҷон Нидоев ба ҳайси муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ифои вазифа мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.