Фарҳод Мирзоев соҳибкори беҳтарини пойтахт дониста шуд

Date:


Мақомоти шаҳрдории пойтахт натиҷаҳои озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе»-ро ҷамъбаст кард. «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2011» ғолиби номинатсияи  «Савдо»  ҶДММ «Газпром-нефт  Тоҷикистон» (Мирзоев Фарҳод) дониста шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси шаҳри Душанбе, ғолибон аз рӯйи 17 номинатсияи озмун муайян карда шуданд.

Ҳамин тариқ, ҶСП «Комбинати шири Душанбе» Комилов Наврӯз – дар номинатсияи «Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ»; КДММ «Сохтмон сармоя 2000» Холиқова Тамара – дар номинатсияи «Меъморӣ ва дизайн»; ҶДММ «Газпром-нефт Тоҷикистон» Мирзоев Фарҳод – дар номинатсияи «Савдо»; ҶДММ «Тоҷикинтурсервис» Қобилов Зафар – дар номинатсияи «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ»; ҶДММ «Фарма» Ҳоҷиев Абдушафеъ – дар номинатсияи «Хизматрасонии тиббӣ»; ҶСК «Тоҷиксемент» Зувайдов Маҳмадсаид – дар номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат»; ҶДММ «Тиб барои Шумо» Ҷаборов Фаридун – дар номинатсияи «Истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ»; ҶДММ «Фавз» Ҷобиров Абдулазиз – дар номинатсияи «Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию-коммуналӣ ва экология»; ҶДММ «Сомон таъминот» Хидиров Саидраҳмон – дар номинатсияи «Сохтмон, тармим ва таъмир»;  ҶДММ «Рухом» Муҳабатов Муфарах – дар номинатсияи «Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ»;  ҶДММ «Ёқут – 2000» Қодиров Абдуҳалим – дар номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук ва хӯрокворӣ»;  ҶДММ «Идораи корхонаҷоти Ғизо Ф1 ФУД» Шамсиев Парвиз – дар номинатсияи «Хӯроки умумӣ»; ҶСП «Индиго Тоҷикистон» Ҳомидов Мансур – дар номинатсияи «Технологияҳои телекомуникатсионӣ»; ҶСК «Меҳмонхонаи Тоҷикистон» Раҳимов Муҳаббат – дар номинатсияи «Хизмати маишӣ»; ҶДММ «Форекс» Зикиряев Азамат – дар номинатсияи «Фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама»; ҶДММ «Алкон-Душанбе» Саидов Саидюсуф – дар номинатсияи «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо» ва ҶДММ «Ориён медиа» Ҷониев Рустам – дар номинатсияи «Технологияи ахборотӣ» ғолиб эътироф карда шуданд.

Ғолибони озмун аз рӯи ҳар як номинатсия бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ – нишони фахрии озмун, барандаи унвони «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2011»  Мирзоев Фарҳод бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе  ва Ҷоми фахрии Ғолиб, дигар довталабон – иштирокчиёни озмуни шаҳрӣ  мутобиқи замима бо дипломҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе сарфароз  гардонида  шаванд. Маросими супоридани ифтихорномаҳову диплом ва туҳфаҳо санаи 21-уми апрел дар Рӯзи пойтахт доир мегардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...