Кӯмаки СБМ ба Тоҷикистон дар таъсиси маркази таълимии муҳоҷирон

Чанде қабл дар шаҳри Женева вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Девонаев С.А. бо директори Генералии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират Уильям Лейс Свинг баргузор гардид. Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот масоили муҳоҷирати меҳнатӣ, ба танзимдаровардани раванди муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо мавриди […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар шаҳри Женева вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Девонаев С.А. бо директори Генералии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират Уильям Лейс Свинг баргузор гардид.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот масоили муҳоҷирати меҳнатӣ, ба танзимдаровардани раванди муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 Инчунин, Тарафҳо ба мувофиқа расиданд,ки бо кӯмаки ҳамаҷонибаи СБМ дар Тоҷикистон Маркази таълимии муҳоҷирон таъсис дода шавад.

Ҳамчунин, дар навбати худ директори Генералии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират хабар доданд, ки дар рӯзҳои наздик аз ҷониби кормандони намояндагии СБМ дар ҶТ як гурӯҳ баҳри кӯмак расонидан дар гузаронидани иҷрои рафти кори Коневенсияи байналмилалии CММ дар ҶТ «Оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо» фиристода хоҳанд шуд.

Тарафайн ҳамчунин оид ба дигар лоиҳаҳои дар самти муҳоҷират пиёда гардида, сӯҳбат карданд.

Уилям Лейс барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва баҳри амалӣ намудани нақшаҳои дар пеш истода, аз ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ изҳори қаноатмандӣ намуда, баҳри боз ҳам бештару хубтар ба роҳ мондани ҳамкории пурсамару манфиатовар ҷонибҳоро даъват намуд.

Директори Генералии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират Уильям Лейс Свинг аз дастовардҳои хубу назарраси ҶТ дар самти ба танзимдарории раванди муҳоҷират изҳори миннатдорӣ намуда, ба фаъолияти хубу пурсамари Хадамоти муҳоҷират баҳои баланд дод.

Тарафҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта табодули назар карданд.

 Мулоқот дар фазои дӯстона, ҳамдигарфаҳмӣ ва гуфтугӯи мутақобилан судманд баргузор гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.