Паёми президент ба муҳоҷирон дастрас мегардад

Дата:


Дар шумораи имрӯзаи нашрияи «Тоҷикони Россия» паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони ҷумҳурӣ ба чоп расид.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори «ОИ «Азия-Плюс» роҳбари медиа-холдинги тоҷикии Tajinfo, муассиси нашрия Муҳаммади Эгамзод изҳор кард, ки феълан дар Русия ва дигар кишварҳои ҳаммарзи он тақрибан 1 млн. нафар тоҷикистониён кору зиндагӣ мекунанд ва онҳо низ ба шиноосӣ бо ин санади тақдирсоз ҳуқуқ доранд.

«Айни замон ҷаҳонбинии муҳоҷирони меҳнатӣ хеле тавсеа ёфта, дар шабакаҳои интернетӣ мо шоҳиди  мубоҳисаҳои пурҷӯшу хурӯш дар робита ба ин ё он масъалаи муҳими вобаста ба Тоҷикистон мегардем. Аз ин рӯ, бо таваҷҷуҳ ба ин тамоил тасмим гирифтем, ки матни комили паёми сарвари давлатро дар 12 саҳифаи нашрия ҷой диҳем», – гуфт ӯ.

Ба қавли Эгамзод, паҳнкунии нашрия дар тамоми манотиқи Русия, ки дар онҳо тащкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон расман амал мекунад, дар назар аст. «Ғайр аз ин, мо бо хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар шаҳрҳои Минску Киев ва роҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар Украинаву Белорус дар робита ба паҳн кардани паём дар тамос шуда ба мувофиқа расидем ва имрӯз нусхаи нашрия ба ин кишварҳо фиристода мешавад», – гуфт вай.

Номбурда афзуд, дар шумораҳои минбаъдаи нашрияи «Тоҷикони Россия» ба чоп расонидани андешаҳои хонандагон нисбат ба паёми президент ба нақша гирифта шудааст.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное