Ифтитоҳи намоишгоҳи байнулмилалии тиҷоративу саноатӣ дар Душанбе

Рӯзҳои 26-29-уми апрели соли равон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоишгоҳи байнулмилалии тиҷоративу саноатӣ баргузор мешавад. Он аз ҷониби ширкати чанде қабл таъсисёфтаи «Тоҷ Экспо» дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдо ва санаоти ҷумҳурӣ ва дастгирии ҳукумати кишвар созмон дода мешавад. Зимни нишасти хабарӣ бахшида ба ин чорабинӣ муовини ПСС ҶТ Асаналӣ Карамалиев зикр кард, ки […]

Пайрав Чоршанбиев


Рӯзҳои 26-29-уми апрели соли равон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоишгоҳи байнулмилалии тиҷоративу саноатӣ баргузор мешавад. Он аз ҷониби ширкати чанде қабл таъсисёфтаи «Тоҷ Экспо» дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдо ва санаоти ҷумҳурӣ ва дастгирии ҳукумати кишвар созмон дода мешавад.

Зимни нишасти хабарӣ бахшида ба ин чорабинӣ муовини ПСС ҶТ Асаналӣ Карамалиев зикр кард, ки баргузории намоишгоҳҳо дар маҷмуъ барои рушди тиҷорат ва иқтисод хеле нафъоваранд ва палата ҳамеша аз ширкатҳои машғул ба ин фаъолият пуштибонӣ мекунад.

Намояндагони ҶДММ «Тоҷ Экспо» изҳор карданд, ки дар кори намоишгоҳ аз иштироки беш аз 20 ширкатҳо аз кишварҳои Чину Фаронса, Олмону Эрон ва Туркияву Тоҷикистон интизорӣ меравад.

«Дар намоишгоҳ масолеҳи сохтмон, маҳсулоти бахши кишоварзӣ, маводи ғизойиву нӯшокиҳо, аз ҷумла маснуоти қаннодиву ширӣ, равғани растанӣ, хушкмева, консерваҳо, таҷҳизоту дорувории тиббӣ, ороишот, мебели навъҳои гуногун ва ғайра ба маърази тамошо гузошта мешаванд», – гуфтанд намояндагони ширкат.

Созмондиҳандагони намоишгоҳ мегӯянд, ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ ҷалби ширкат ва сармоягузорони хориҷӣ ба бозори Тоҷикистон ва роҳандозии ҳамкории судманди онҳо бо соҳибкорони тоҷик аст.

«Айни замон Тоҷикистон ба таҷҳизоти муосир ва технологияи коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ниёз дорад», – афзуд манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.