Русия Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба муколама мехонад

Русия Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба муколамае даъват мекунад, ки ба ҳалли тамоми ихтилофу мушкилот шароит фароҳам оварад. «Мо наметавонем бепарвоёна инро мушоҳида намоем. Ин кишварҳо шарикони стратегӣ ва ҳамсояҳои деринаи мо мебошанд», – гуфт зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров. Ба гуфтаи вай, Русия миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон муносибати муътадил ва «дӯстонаву […]

Виктория Наумова


Русия Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба муколамае даъват мекунад, ки ба ҳалли тамоми ихтилофу мушкилот шароит фароҳам оварад.

«Мо наметавонем бепарвоёна инро мушоҳида намоем. Ин кишварҳо шарикони стратегӣ ва ҳамсояҳои деринаи мо мебошанд», – гуфт зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров.

Ба гуфтаи вай, Русия миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон муносибати муътадил ва «дӯстонаву ҳусни ҳамҷавориро дидан мехоҳад» ва роҳи ягонаи ҳалли мушкилоти мавҷударо дар муколама мебинад. «Мо аз Тоҷикистону Ӯзбекистон даъват мекунем, ки ҳарчи зудтар чунин муколамаро роҳандозӣ намоянд», – таъкид кард Лавров.

Вазири корҳои хориҷии Русия зикр кард, ки тибқи маълумоти расида аз ҳамтоҳои тоҷикистонӣ, робитаҳои мутақобила миёни кишварҳо мавҷуданд, вале «алҳол онҳо ба оғози гуфтушуниди мукаммал оид ба тамоми масоили ҳассос оварда нарасонидаанд».

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки кишварҳое, ки бо давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон муносибатҳои шарикона доранд, «бояд ба оғози чунин муколамаву гуфтушунид мусоидат намоянд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.