Узвияти Тоҷикистон ба Комиссияи СММ оид ба рушди устувор

Date:


Чанде қабл дар Ню-Йорк дар иҷлоси Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоии СММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвият дар Комиссияи СММ оид ба рушди устувор барои солҳои 2013-2016 бо иттифоқи оро интихоб гардид.

Комиссияи рушди устувор ниҳоди байниҳукуматӣ буда, ба сифати комиссияи тахассусии  Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ аз 53 кишвари узв, ки аз ҷумлаи кишварҳои аъзои СММ ва муассисаҳои вежаи он интихоб мешаванд, иборат аст.

Комиссияи рушди устувор декабри 1992 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ ба манзури таъмин намудани фаъолияти баъдии муассир дар мавриди натиҷаҳои Конфронси СММ оид ба муҳити зист ва рушд, ки бо номи Иҷлоси сатҳи баланди «Сайёраи Замин» низ шӯҳрат дорад, таъсис ёфта буд.

Вазифаи Комиссия таҳлил намудани пешрафт дар соҳаи иҷрои Рӯзномаи асри XXI ва Эъломияи Рио-де-Жанейро оид ба муҳити зист ва рушд, инчунин таъмин намудани ҳидояти сиёсӣ дар масъалаҳои амалӣ намудани тадбирҳои баъдӣ дар чаҳорчӯби татбиқи Барномаи Йоҳаннесбург оид ба иҷрои қарорҳо дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад. Дар Барномаи Йоҳаннесбург нақши Комиссияи рущди устувор ба сифати форуми сатҳи баланд оид ба масъалаҳои рушди устувор дар чаҳорчӯби системаи СММ таъкид шудааст. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related