Дарёфти аслиҳаи ҷангӣ дар ноҳияи наздимарзӣ

Чанде қабл дар канори деҳаи Порвори ноҳияи Шӯрообод сокинони маҳаллӣ ду тири натаркидаи ҷангӣ ва як мина дарёфт намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори иҷроияи Кумитаи минтақавии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар Кӯлоб Зайниддин Олимов хабар дод, дар макони аслиҳаи дарёфтшуда ҷиҳати пешгирии ҳодисаи нохуш аломатҳои огоҳкунанда гузошта шуданд. «Бо таъсиси маркази ҷамъиятии таблиғи коҳиши хатарҳои […]

ТуркоДикаев


Чанде қабл дар канори деҳаи Порвори ноҳияи Шӯрообод сокинони маҳаллӣ ду тири натаркидаи ҷангӣ ва як мина дарёфт намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори иҷроияи Кумитаи минтақавии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар Кӯлоб Зайниддин Олимов хабар дод, дар макони аслиҳаи дарёфтшуда ҷиҳати пешгирии ҳодисаи нохуш аломатҳои огоҳкунанда гузошта шуданд.

«Бо таъсиси маркази ҷамъиятии таблиғи коҳиши хатарҳои мина дар деҳа бо роҳбарии директори мактаби маҳаллӣ Қурбон Исломов акнун тамоми аҳолии маҳаллӣ ба ҷустуҷӯйи аслиҳаи натаркида машғул аст ва ин бесабаб нест, зеро тайи солҳои ахир аз 13 нафари аз  таркиши чунин аслиҳа ҳалокшуда, 8 нафарашон маҳз сокинони ҳамин деҳаи Порворанд», – гуфт вай.

Номбурда ҳамчунин гуфт, марказҳо оид ба коҳиши хатари мина дар ноҳияҳои Шӯрообод, Фархор ва Ҳамадонӣ таъсис дода шуда, дар доираи лоиҳаи Ҷамъияти байнулмилалии Ҳилоли Аҳмар маблағгузорӣ мешаванд.

Зикр гардид, ки кормандони Кумитаи минтақавии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар бораи дарёфти аслиҳаи ҷангӣ дар деҳаи Порвор ба мақомоти фармондеҳии қисми низомии мустақар дар ноҳияи Шӯрообод хабар додаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.