Дар Душанбе як нашъаманд нозири БДА-ро захмӣ кард

Нозири 30-солаи Бозрасии давлатии автомобилӣ Хуршедҷон Абдураҳмонов аз дасти як нашъаманд захмӣ шуд. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда тахминан соати 15.30 дақиқа ӯ дар кӯчаи Ҷомӣ ҳангоми адои хизмат ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» шаҳрванд Мансурҷон Абдуллоеви 35-соларо барои азназаргузаронии ҳуҷҷатҳои ронандагиаш боздошт намудааст. «Бо дидани вазъи боздоштшуда ӯ […]

ASIA-Plus


Нозири 30-солаи Бозрасии давлатии автомобилӣ Хуршедҷон Абдураҳмонов аз дасти як нашъаманд захмӣ шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда тахминан соати 15.30 дақиқа ӯ дар кӯчаи Ҷомӣ ҳангоми адои хизмат ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» шаҳрванд Мансурҷон Абдуллоеви 35-соларо барои азназаргузаронии ҳуҷҷатҳои ронандагиаш боздошт намудааст.

«Бо дидани вазъи боздоштшуда ӯ қарор медиҳад, ки ронандаро барои муоина ба беморхонаи наркологӣ фиристад, вале дар дохили автомашина Абдуллоев нозирро латукӯб намуда, бо корд дасти чапашро зада захмӣ мекунад ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад», – гуфтанд дар вазорат.

Баъди чанде Абдуллоев боздошт шуда, пас ташхис дар беморхонаи наркологӣ муайян карда шудааст, ки ӯ дар вақти боздошт аз истеъмол намудани маводи нашъадори «чакида» дар ҳолати мадҳушӣ қарор доштааст. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.