Тамринҳои зиддитеррористӣ дар машқгоҳи Фахробод

Ҳафтаи гузашта дар машқгоҳи Фахробод бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон тамринҳои зиддитеррористӣ баргузор шуданд. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, тамринҳо бо мақсади такмили ихтисоси ҳайати шахсӣ, фаъолияти муштараки сохторҳои қудратии мамлакат дар ҳолатҳои фавқулода, безараргардонии гурӯҳҳои террористӣ ва озод намудани гаравгонҳо, безараргардонии гурӯҳҳои муташаккили нашъаҷаллоб ва террористӣ […]

ASIA-Plus


Ҳафтаи гузашта дар машқгоҳи Фахробод бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон тамринҳои зиддитеррористӣ баргузор шуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, тамринҳо бо мақсади такмили ихтисоси ҳайати шахсӣ, фаъолияти муштараки сохторҳои қудратии мамлакат дар ҳолатҳои фавқулода, безараргардонии гурӯҳҳои террористӣ ва озод намудани гаравгонҳо, безараргардонии гурӯҳҳои муташаккили нашъаҷаллоб ва террористӣ дар иқлими кӯҳӣ доир карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар машқҳои фармондеҳии ситодӣ ва тактикӣ-амалии саҳроӣ кормандони Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, сарбозону афсарони Гвардияи миллӣ, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ва намояндагони воҳидҳои махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштирок карданд.

Аз машқҳо вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов, роҳбарони як қатор мақомоти қудратӣ, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, ВАО ва ғайра боздид карданд.

Қобили зикр аст, ки тамрину машқҳои пайваста беҳтарин омили баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва малакаву таҷрибаи ҳайати шахсӣ ба шумор рафта, монеа ва душвориҳое, ки дар он омӯхта мешаванду камбудиҳои фаъолият дар ин самт ислоҳ мегарданд, дар амалия кор осону ҳеҷ мушкилие садди роҳ намегардад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.