Писари раиси ҲНИТ ба ҳабс гирифта шуд

Муҳаммади Тилозода, писари сиёсатмадори варзида, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ ба ҳабс гирифта шуда, айни замон дар тавқифгоҳи муваққатии ШКД-и шаҳри Ваҳдат қарор дорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ӯ ба содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 212-и КҶ ҶТ […]

Аваз Юлдошев


Муҳаммади Тилозода, писари сиёсатмадори варзида, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ ба ҳабс гирифта шуда, айни замон дар тавқифгоҳи муваққатии ШКД-и шаҳри Ваҳдат қарор дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ӯ ба содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 212-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) гумонбар дониста мешавад.

Рӯзи 3-юми майи соли равон дар шаҳри Ваҳдат сокини 12-солаи деҳаи Андигони Боло Муҳсиддин Ортиқов зери чархи автомашинаи «Toyota Camry»-и М.Тилозодаи 21-сола монд. «Баъди зарба гирифтан аз мошин ӯ ба ҳуш наомада, дар остонаи 12-солагиаш, рӯзи 4-уми май ба ҳалокат расид», – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар дод, ҳизб аз тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дархост мекунад, ки ҳодисаи мазкур дар доираи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ мавриди таҳқиқ қарор гирад.

Ба иттилои манбаъ, айни замон раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо сафари хизматӣ дар яке аз кишварҳои арабӣ қарор дорад. Писари М.Кабирӣ донишҷӯйи яке аз макотиби олии Малайзия мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.