Боздошти гумонбарони навбатии узвият ба ҲИӮ дар ҷануби ҷумҳурӣ

Дар деҳаи Қизил Нишони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон кормандони мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ се нафар гумонбарони навбатӣ ба узвият дар Ҳаракати исломии Ӯзбекистонро боздошт намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят хабар дод, нисбат ба хатмкардаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Аслиидин Наврӯзови 23-сола, Нуриддини Исохонови 22-сола ва Зилмурод Ишохонови 39-сола, ки […]

Сайраҳмон Назриев


Дар деҳаи Қизил Нишони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон кормандони мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ се нафар гумонбарони навбатӣ ба узвият дар Ҳаракати исломии Ӯзбекистонро боздошт намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят хабар дод, нисбат ба хатмкардаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Аслиидин Наврӯзови 23-сола, Нуриддини Исохонови 22-сола ва Зилмурод Ишохонови 39-сола, ки тибқи фарзияи тафтишот амири ҲИӮ дар қаламрави ноҳияи Қубодиён аст, ба гумони даст доштан дар созмон додани гуруҳи ҷиноятпеша ва ташкили фаъолияти ташкилоти ифротгаро парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳафтаи гузашта барои даст доштан дар содир намудани чунин ҷиноятҳо як сокини ҳамин деҳа Бахтиёр Умаров ба муддати 10 соли зиндон маҳкум шуд.

Хотиррасон менамоем, ки ахири моҳи феврали соли равон боз ду сокинони ноҳияи Қубодиён – Акмал Рашидов ва Иброҳим Қурбонов низ ба узвият дар ҲИӮ гунаҳор дониста шуда, мутаносибан ба муддати 9 ва 8,5 сол аз озодӣ маҳрум шуда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.