Корхонаи шишабарории «Лаъл» дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба истифодаи мазут ҳамчун маводи сӯзишворӣ дар истеҳсолот мегузарад.
Айни замон корхона фаъолият надорад, зеро аз 1-уми апрел интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба корхона қатъ гардидааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маъмурияти корхона хабар доданд, корхонаи «Лаъл» ягона корхонае дар вилояти Суғд боқӣ монда буд, ки ба сифати маводи сӯзишворӣ газро истифода мекард. Корхонаву фабрикаҳои дигари вилояти Суғд кайҳо ба истифодаи барқ ё дигар навъи маводи сӯзишворӣ гузаштаанд.
«Мо ба ҷуз истифодаи мазут ба ҷойи гази табиӣ, дигар илоҷи ҳалли мушкилотро намебинем», – гуфтанд дар маъмурияти корхона.
Дар ҳамин ҳол, ОИ Regnum менависад, дар вилояти Суғд боз як корхонаи дигари шишабарории «ХКТ» низ ба ҷойи гази табиӣ ба истифодаи ангишт гузаштааст.
Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, айни замон беш аз 130 корхонаҳои саноатии кишвар ба ивази газ ба истифодаи ангишт ҳамчун маводи сӯзишворӣ гузаштаанд.