Боздошти сардори гузаргоҳи марзӣ ба гумони қочоқи нашъа

Сардори яке аз гузаргоҳҳои марзии миёни Тоҷикистону Афғонистон бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни амалиёти махсус кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Хатлон сардори гузаргоҳи марзии «Вахш»-и гурӯҳи марзбонии «Панҷ» капитан Низомиддин Яқубовро боздошт намуда, ҳангоми кофтуков аз […]

Сайраҳмон Назриев


Сардори яке аз гузаргоҳҳои марзии миёни Тоҷикистону Афғонистон бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни амалиёти махсус кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Хатлон сардори гузаргоҳи марзии «Вахш»-и гурӯҳи марзбонии «Панҷ» капитан Низомиддин Яқубовро боздошт намуда, ҳангоми кофтуков аз ӯ 20 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, Н.Яқубов бо сардори гурӯҳи марзбонии «Тахти кӯҳӣ»-и кишвари ҳамҷавори Афғонистон бо исми Саймаҳмуд робита дошта, аз ӯ барои фурӯши минбаъда маводи мухаддир дастрас мекардааст.

Нисбат ба Низомиддин Яқубов мутобиқи моддаи 200, қ. 4-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова