Чорабинии сафорати Британия бахшида ба 100 рӯз то оғози бозиҳои параолимпӣ

Ба муносибати ҷашнгирии 100 рӯз то оғози бозиҳои параолимпии соли 2012 дар Лондон сафорати Британияи Кабир дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии параолимпӣ ва дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21 май чорабинии варзиширо бо иштироки варзишгарони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ доир намуд.   Тавре аз сафорати […]

ASIA-Plus


Ба муносибати ҷашнгирии 100 рӯз то оғози бозиҳои параолимпии соли 2012 дар Лондон сафорати Британияи Кабир дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии параолимпӣ ва дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21 май чорабинии варзиширо бо иштироки варзишгарони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ доир намуд.

 

Тавре аз сафорати Британия Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқаи тениси рӯи миз ва вазнбардорӣ, ки бо ҳузури зиёда аз 100 тамошобин дар маркази ҷумҳуриявии барои нафарони дорои маҳдудияти ҷисмонӣ доир гашт 38 нафар варзишгарон иштирок намуданд. Тӯҳфаҳои олимпӣ аз тарафи сафорати Британияи Кабир ва Кумитаи миллии параолимпӣ  ба ғолибон тақдим гардид.

Ҷаноби Робин Орд-Смит, Сафири Британия Кабир гуфт: “Британияи Кабир мероси қавиро дар рушди варзиш барои одамони дорои маҳдудияти ҷисмонӣ соҳиб аст ва мо имрӯз фахр мекунем, ки Стоук Мондевилл макони тавлиди бозиҳои параолимпӣ мебошад. Соли 2012 Лондон ният дорад, ки на танҳо яке аз бозиҳои калон, ҳамчунин яке аз бозиҳои беҳтарини параолимпиро гузаронад. Ман хурсандам, ки тавонистем гузаронидани мусобиқаи имрӯзаро дастгирӣ намоем. Имрӯз ман бо ҳаловати зиёд баромади варзишгарони тоҷик тамошо кардам. Мо бесаброна интизори идомаи ҳамкориҳо ба мақомоти марбута дар самти таъмини мероси қавии олимпиадаи Лондон-2012 барои варзишгарони дорои маҳдудияти ҷисмонӣ дар Тоҷикистон мебошем.”

Аз ҷониби хеш, ҷаноби Абдурауф Олимов, Дабири кулии Кумитаи миллии параолимпӣ гуфт: “Мо ташаббуси сафорати Британияи Кабирро дар мавриди омода ва гузаронидани ин мусобиқа бахшида ба 100 рӯз то саршавии  бозиҳои параолимпӣ-2012 дар шаҳри Лондон ба хурсандӣ пазируфтем. Мо умедворем, ки тими параолимпии Тоҷикистон бо дастовардҳои бештаре аз замони бозиҳои олимпии Пекин ба ватан бармегардад.”

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.