Як сокини Душанбе ба 11,3 ҳазор $ рақами мошин харид

Як сокини Душанбе дар музоядаи Раёсати Бозрасии давлатии автомобили ВКД ҶТ барои автомашинаи худ ба маблағи 55 ҳазор сомонӣ (беш аз 1,3 ҳазор $) рақами автомобилии 01-01 АР (01) харид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобили ВКД ҶТ генерал-майори милиса Маҳмадсаид Саидов хабар дод, маблағи мазкур ба буҷети давлатии кишвар ворид мегардад. […]

Аваз Юлдошев


Як сокини Душанбе дар музоядаи Раёсати Бозрасии давлатии автомобили ВКД ҶТ барои автомашинаи худ ба маблағи 55 ҳазор сомонӣ (беш аз 1,3 ҳазор $) рақами автомобилии 01-01 АР (01) харид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобили ВКД ҶТ генерал-майори милиса Маҳмадсаид Саидов хабар дод, маблағи мазкур ба буҷети давлатии кишвар ворид мегардад. Номбурда аз ифшои ному насаби харидори ин рақам худдорӣ кард.

Ба қавли ӯ, музоядаҳои фурӯши рақамҳои автомобилӣ аз соли 2010 оғоз гардида, қаблан рақами гаронтарин бо арзиши 40 ҳазор сомонӣ ба фурӯш рафта будааст.

Дар ҳамин ҳол, ба ОИ «Азия-Плюс» дарёфти харидори ин рақам муяссар шуд. Ӯ сокини 30-солаи пойтахт Сиёвуш Ғаффоров аст. Ӯ гуфт, рақамро барои автомашинаи шахсии тамғаи «Лексус»-и худ харидааст. Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки соҳибкори хусусӣ буда, ба тиҷорат машғул аст. С.Ғаффоров оиладор буда, соҳиби ду фарзанд аст ва дар яке аз манзилҳои биноҳои истиқоматии баландошёнаи шаҳр зиндагӣ мекунад.

Ба саволи хабарнигори ОИ «Азия-Плюс дар робита ба оё беҳтар набудани масраф кардани ин маблағи бузург ба корҳои хайрия, Ғаффоров изҳор кард, ки бе ин ҳам, зуд-зуд ба хонаҳои кӯдакон туҳфаҳо тақдим мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.