Эмомалӣ Раҳмон шаҳрванди фахрии шаҳри Шанхани Чин эълон шуд

Дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо фаъолияти истеҳсолии ширкати Зи Ҷин дар конҳои тиллою мис ба шаҳри Шанхани музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф овард.  Дар майдони Мардумии Шанхан зимни як маросими тантанавӣ мири он Се Хайбо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро «шаҳрванди фахрӣ»-и ин шаҳр эълон […]

ASIA-Plus


Дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо фаъолияти истеҳсолии ширкати Зи Ҷин дар конҳои тиллою мис ба шаҳри Шанхани музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф овард.

 Дар майдони Мардумии Шанхан зимни як маросими тантанавӣ мири он Се Хайбо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро «шаҳрванди фахрӣ»-и ин шаҳр эълон намуда, ба ӯ «Калиди тиллоӣ»-и он ва дипломи шаҳрвандии фахриро тақдим намуд. Сарвари давлати Тоҷикистон барои қадршиносии баланд ба роҳбарият ва сокинони шаҳри Шанхан арзи сипос карда, изҳор дошт: «эҳсоси ҳусни ҳамҷавориву дӯстии байни халқҳои мо аз қаъри таърих – замони Роҳи Бузурги Абрешим маншаъ мегирад, аз ин рӯ решаҳои дӯстии мо пурқувватанд».

 «Дар асри бисту як мо якҷоя бо Чин масоили рушди муштаракро ҳаллу фасл мекунем, дӯстии деринаро таҳким мебахшем ва ҳамкориҳоро тавсеа медиҳем», – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Аз шаҳри Шанхан Эмомалӣ Раҳмон ба кони металҳои рангаи ширкати Зи Ҷин, ки дар қуллаи «Кӯҳи тиллоӣ»-и шаҳри Лунян қарор дорад, ташриф овард.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти кӯҳканӣ ва заршӯии корхонаҳои истеҳсолии ширкати Зи Ҷин, аз ҷумла зикр гардид, ки ин ширкат дар бахши истеҳсоли металлҳои ранга дар кишвари Чин мавқеи пешқадамтаринро ишғол менамояд.

Бо хушнудӣ иттилоъ дода шуд, ки ин ширкат дар корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистон аллакай наздики 200 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намуда, бо ворид намудани техникаю таҷҳизоти навтарин истеҳсоли тиллоро хеле афзун намуд.

Соли 2011 корхонаи Зарафшон 1320 кг тилло истеҳсол намудааст, ки нисбат ба соли 2010 9% зиёд мебошад. Давоми соли 2011 ин корхона ба буҷети давлатии кишвар 18 миллион доллари амрикоӣ андоз супурдааст.

Тавре зикр гардид, солҳои наздик истеҳсоли солонаи тилло дар корхонаи Зарафшон бояд ба 5 тонна расонда мешавад.

Зимни суҳбат ду ҷониб ба мувофиқа омаданд, ки чунин як корхона бо насби ҳамин гуна таҷҳизоти пешқадам дар вилояти Суғди Тоҷикистон бунёд намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.