Баррасии ҷараёни татбиқи лоиҳаи обтаъминкунии Душанбе

Шоми 7-уми  июн раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати Бонки Умумиҷаҳониро таҳти сарварии намояндаи доимии Бонки мазкур дар Тоҷикистон хонум Марша МакГро Олив бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба тақвияти чораҳо оид ба татбиқи марҳилаи дуюми […]

ASIA-Plus


Шоми 7-уми  июн раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати Бонки Умумиҷаҳониро таҳти сарварии намояндаи доимии Бонки мазкур дар Тоҷикистон хонум Марша МакГро Олив бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба тақвияти чораҳо оид ба татбиқи марҳилаи дуюми Лоиҳаи бо обтаъминкунии шаҳри Душанберо, ки тўли панҷ сол азхудкунии 16 млн $ гранти бебозгашти Бонки Умумиҷаҳонӣ ва 3 млн $ маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо дар бар гирифта, он хизматрасонии қарзии вазорати молияро дар ин самт  ихтисор менамояд, мавриди баррасӣ қарор дода, ҷараёни корҳои анҷомгирифтаи лоиҳавиро мусбӣ арзёбӣ намуданд.

Зикр гардид, ки марҳилаи дуюми Лоиҳа баҳри ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда ба 76, 5 ҳазор муштариён (47%) насби ҳисобкунакҳои обӣ, беҳбудбахшии вазъи молиявӣ ва таъмини худмаблағгузорию рушди институтсионалӣ ва худидоракунии корхонаро дар бар мегирад, масъалаи бо ҷалби институтҳои донорӣ ва саҳмгузории шаҳрдорӣ дарёфти манбаъҳои иловагӣ оид ба насби саросарии ҳисобкунакҳои обӣ ба кулли муштариён  ва ба пуррагӣ иваз намудани филтирҳои обполоишӣ дар истигоҳхои дахлдори КВД «Обу корези Душанбе» ва ҷоннок намудани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ миёни муштариён тавассути ВАО мувофиқ ба мақсад мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.