Писари генерал барои қочоқи нашъа маҳкум шуд

Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳлатҳои зиёд маҳкум шуданд, ки миёни онҳо писари генерали милиса Ҳабибулло Маҷидов низ ҳузур дорад. Чанде қабл суди гарнизони вилояти Хатлон баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Маҳмадулло Маҷидов (писари генерали милиса Ҳабибулло Маҷидов), Хуршед Раҳимов (писари собиқ ронандаи […]

Сайраҳмон Назриев


Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳлатҳои зиёд маҳкум шуданд, ки миёни онҳо писари генерали милиса Ҳабибулло Маҷидов низ ҳузур дорад.

Чанде қабл суди гарнизони вилояти Хатлон баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Маҳмадулло Маҷидов (писари генерали милиса Ҳабибулло Маҷидов), Хуршед Раҳимов (писари собиқ ронандаи сафорати Тоҷикистон дар Русия) ва хизматчии ҳарбии нерӯҳои марзбонӣ прапоршик Зиёвуддин Шарифовро ба анҷом расонид. Моҳи январи соли равон шахсони зикршуда бо миқдори зиёди маводи нашъаовар дастгир шуда буданд.

Суд Маҳмадулло Маҷидов ва Хуршед Раҳимовро ба муддати 14 солӣ ва Зиёвуддин Шариповро ба муддати 20 соли зиндон маҳкум намуд.

Маҳкумшудагон Маҳмадулло Маҷидов ва Хуршед Раҳимов гуноҳи худро ба дӯш нагирифта, изҳор карданд, ки муфаттишони Раёсати кумитаи амнияти миллӣ онҳоро аз 12 то 19-уми январ зӯран дар кабинетҳои худ нигоҳ дошта, тавассути латукӯб ва рафтори дағалона онҳоро маҷбур кардаанд, ки гуноҳро эътироф намоянд.

Раиси мурофиаи судя Тоҳир Искандаров зимни қироати ҳукм эълон дошт, ки шикояти маҳкумшудагон собит нагардида, айби судшавандагон бошад, пурра исбот шудааст.

Дар ҳамин ҳол, барои роҳ додан ба камбудиҳо судя нисбат ба гурӯҳи тафтишотӣ таъиноти ҷудогона содир кард, ки ба прокуратураи вилояти Хатлон ва Прокуратураи генералӣ фиристода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки 10-уми январи соли равон дар ҷараёни амалиёти махсус дар ноҳияи Қубодиён Маҳмадулло Маҷидов, мулаққаб ба «Меҳрубон», писари генерал-майори милиса, сардори воҳиди махсуси БДА-и ҷумҳурӣ Ҳабибулло Маҷидов, писари ронандаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Хуршед Раҳимов ва хизматчии ҳарбии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Зиёвуддин Шарифов боздошт шудаанд.

Ба нафари чоруми ин гурӯҳ муяссар шуда буд, ки аз ҷойи содир намудани ҷиноят паноҳ барад ва ӯ Нурулло Одинаев, писари генерал-майори мустаъфӣ Ҳикматулло Одинаев аст. Айни замон Нурулло Одинаев мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Айбдоршавандагон ҳангоми интиқоли ҳудуди 110 кило маводи мухаддир аз минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ боздошт шуда буданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.