Раиси Дастгоҳи президент узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуд

Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таҳти раёсати роҳбари КМИР Шермуҳаммад Шоҳиён аз интихобот ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи интихоботии пойтахт, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта доир гардид, натиҷагирӣ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР хабар дод, аз натиҷаҳои овоздиҳӣ маълум шуд, ки Бахтиёр Худоёров, узви […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таҳти раёсати роҳбари КМИР Шермуҳаммад Шоҳиён аз интихобот ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи интихоботии пойтахт, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта доир гардид, натиҷагирӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР хабар дод, аз натиҷаҳои овоздиҳӣ маълум шуд, ки Бахтиёр Худоёров, узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, сокини шаҳри Душанбе бо аксари кулли овозҳо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ интихоб гардидааст.

Мутобиқи модаи 56-и Қонуни конститутсионии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ», КМИР Б.Худоёровро ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ба қайд гирифта, ваколатҳои ӯро тасдиқ намуд.

Интихобот ба ҷойи собиқ узви Маҷлиси миллии Маҷиси Олии Тоҷикистон Нуриддин Сайидов пас аз таъини ӯ ба вазифаи вазири маорифи Тоҷикистон гузаронида шуд.

Айни замон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ боз як ҷой холӣ аст. Аввали соли равон собиқ раиси Дастгоҳи иҷроияи сарвари Давлат Матлубхон Давлатов ба вазифаи муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон таъин шуда, аз узвияти Маҷлиси миллӣ хориҷ шуд. Мутобиқи қонунгузорӣ, узви палатаи болоии парлумонро ба ин ҷой президент таъин мекунад.

Қобили зикр аст, ки палатаи болоии парлумони кишвар аз 33 нафар аъзо иборат буда, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ 25 нафар аъзои Маҷлиси миллиро интихоб менамоянд ва 8 нафари дигар бо фармони президенти ҷумҳурӣ таъин карда мешаванд.

Ғайр аз ин, собиқ президентҳои Тоҷикистон агар ихтиёран аз ин ҳуқуқ даст накашанд, метавонанд якумр аъзои Маҷлиси миллӣ бошанд.

Муҳлати ваколати Маҷлиси Олӣ 5 сол аст. Бо анҷоми ин муҳлат интихоботи нав гузаронида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.