Мусодираи беш аз 100 кило маводи мухаддир дар ҷануби ҷумҳурӣ

Зимни ду амалиёти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ноҳияи наздисарҳадии Ҳамадонӣ 107 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ зимни амалиёт дар деҳаи Комсомоли ноҳияи Ҳамадонӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва як нафар шаҳрванди Афғонистон боздошт шуданд. Ҳангоми […]

Виктория Наумова


Зимни ду амалиёти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ноҳияи наздисарҳадии Ҳамадонӣ 107 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ зимни амалиёт дар деҳаи Комсомоли ноҳияи Ҳамадонӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва як нафар шаҳрванди Афғонистон боздошт шуданд.

Ҳангоми кофтуков аз борхалтаи онҳо 46 бастаи селофанӣ, ки дар дохилашон маводи нашъадори навъи «ҳашиш» ба миқдори махсусан калон, яъне 42 кг ҷой дошт, дарёфт ва мусодира гардид.

Ҳамчунин зимни амалиёт дар деҳаи Сайроби ҳамин ноҳия кормандони милиса шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистонро боздошт намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 37 килою 755 грамм маводи сахттаъсири «героин», 16 килою 300 грамм маводи нашъадори «афюн», 10 киллою 695 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» ва 3752-дона таблеткаҳои психотропии «МДМА» дар вазни 880 грамм, ки ҳамагӣ  ҷамъ дар умум 65 килою 630 грамм маводи мухаддирро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.