Рӯзи ҷумъа, 22-юми июн, дар суди шаҳри Ваҳдат мурофиаи судии Муҳаммад Тиллозода, писари раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ оғоз мегардад.
Донишҷӯйи яке аз макотиби олии Малайзия ба риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки ба марги сокини 12-солаи шаҳри Ваҳдат Муҳиддин Ортиқов боис гардид, гунаҳкор дониста мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Равшан, вакили мудофеи айбдоршаванда хабар дод, тафтишот ҷинояти мазкурро ҳамчун «вазнини миёна» арзёбӣ намуда, дар сурати содир шудани ҳукми айбдорӣ ба М.Тиллозода 3 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Ёдрас мекунем, ки санаи 3-юми майи соли равон дар қаламрави шаҳри Ваҳдат як толибилми 12-сола Муҳсиддин Ортиқов зери мошини «Toyota Camry» таҳти идораи Муҳаммад Тиллозода монда, рӯзи дигар аз ҷароҳатҳои бардошта дар беморхона ба ҳалокат расид. Ин ҳодиса дар рӯзи ба хок супурдани ҷасади модари раиси ҲНИТ ба вуқӯъ пайваст.
Қаблан дар мусоҳиба ба радиои «Озодӣ» раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ изҳор кард, ки хешу ақрабои навраси фавтида даъво надошта, дар ин хусус ба прокуратураи шаҳри Ваҳдат аризаи дахлдор пешниҳод кардаанд. Прокуратура то ҳанӯз дар ин хусус мавқеи худро изҳор накардааст.
«Муҳиддин Кабирӣ ва мақомоти раҳбарии ҲНИТ умедворанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи машғул ба тафтиши қазияи мазкур тафтишотро дар доираи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон гузаронида, ба он ангезаи сиёсӣ намедиҳанд», – хабар дода буд радиои «Озодӣ».



