Фестивали ҷавонони эҷодкор дар Душанбе

Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Душанбе пойтахти сулҳу созиш» ҷашнвораи ҷавонони эҷодкор баргузор мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, ташаббуси баргузории ин чорабинӣ аз ҷониби идораи ҳафтавори «Вечёрка» сурат гирифта, дар ин хусус раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори дахлдор ба имзо […]

Аваз Юлдошев


Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Душанбе пойтахти сулҳу созиш» ҷашнвораи ҷавонони эҷодкор баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, ташаббуси баргузории ин чорабинӣ аз ҷониби идораи ҳафтавори «Вечёрка» сурат гирифта, дар ин хусус раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори дахлдор ба имзо расонидааст.

Барои иштирок дар фестивал, ки рӯзи 26-уми июн дар боғи Рӯдакӣ доир мегардад, ҷавонони тамоми минтақаҳои кишвар ҷалб карда мешаванд.

«Дар фестивал намояндагони ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон фаъолона ширкат хоҳанд варзид», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, раиси пойтахт ҷиҳати таъмини тартибот ва вазъи санитарии макони баргузории фестивал ба хадамоти дахлдор супориш додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.