Пас аз баргузории ҷаласаи охирини иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки санаи 29-уми июн доир мегардад, вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба таътили семоҳаи тобистона мебароянд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз Маҷлиси намояндагон хабар дод, дар ҷаласаи охирин аз суханронии раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар бораи натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи палата интизорӣ меравад.
Ғайр аз ин, дар ҷаласаи охирин баррасии як қатор асноди қонунгузорӣ низ дар назар аст.
Ёдрас мекунем, ки мутобиқи муқаррароти регламенти Маҷлиси намояндагон, рухсатиҳои меҳнатии вакилони мардумии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз 1-уми июл оғоз гардида, то нимаи моҳи август идома меёбанд. Сипас вакилони мардумӣ бо интихобкунандагони худ вохӯрда, ҳамчунин дар кумита ва комиссияҳои парлумон машғули кор хоҳанд шуд.
Дар назар аст, ки иҷлосияи 4-уми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аввали моҳи октябр оғоз мегардад.


