Боздошти чархболҳои Тоҷикистон дар Афғонистон

Date:


Муддати як моҳ аст, ки ҳукуматдорони Афғонистон ду адад чархболи Ми-8-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо 12 нафар ҳайати халабонону кормандони техникиашро боздошт намудаанд. Онҳо тибқи қарордод дар Афғонистон фаъолият доштанд.

Дар суҳбати телефонӣ муҳандиси техникии яке аз чархболҳо Илҳом Қаюмов изҳор кард, ки чархболҳои ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон як моҳ қабл фаъолияташон тибқи қарордод дар Афғонистонро анҷом дода, бояд ба ватан бармегаштанд, вале аз ҷониби Вазорати нақлиёти Афғонистон боздошт шудаанд.

Ба қавли Қаюмов, баъди чанд рӯз Вазорати нақлиёти Афғонистон аз эътирози гӯё бидуни иҷозати пешакии хадамоти диспетчерии фурудгоҳи Кобул Афғонистонро тарк кардани чархболҳо даст кашида, вале акнун ба парвози чархболҳо Вазорати мудофиа ва Хадамоти амнияти Афғонистон иҷозат намедиҳад.

«Сабаби мушаххаси боздоштро то ҳанӯз ба мо шарҳ надодааанд, – гуфт ӯ. – Айни замон ин масъаларо сафорати Тоҷикистон дар Кобул пайгирӣ дорад».

Номбурда афзуд, 12  нафар ҳайати халабонону кормандони техникии чархболҳо дар як манзиле дар канори шаҳри Кобул мустақар буда, шиносномаҳои 5 нафари онҳо гирифта шудаанд.

Феълан ҳукуматдорони Тоҷикистон ва ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» роҷеъ ба ин қазия маълумот ё шарҳу тавзеҳе интишор накардаанд.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...