Ҳизби сотсиалистӣ таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро меомӯзад

Date:


Рӯзи 4-уми июл Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши аҳзоби сиёсӣ дар ноил гардидан ба сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар кишвар» як конфронс доир месозад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон хабар доданд, ба иштирок дар кори конфронс намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар, коршиносон ва рӯзноманигорон даъват шудаанд.

«Ҳадафи аслии созмондиҳандагони конфронс омӯзиши таҷрибаи тоҷикон дар расидан ба сулҳу созиш дар ҷомеа ва саҳми аҳзоби сиёсӣ дар ин раванд мебошад», – гуфт манбаъ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related