Зубайдулло Зубайдов сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон таъин карда шуд

Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти ҷумҳурӣ – Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон Зубайдулло Зубайдовро сафири нави фавқулъодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон таъин намуд. Оқои Зубайдов 51 сол дошта, хатмкардаи шӯъбаи арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Солҳои 80-уми қарни гузашта ба ҳайси тарҷумон дар кишварҳои Ироқу […]

root


Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти ҷумҳурӣ – Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон Зубайдулло Зубайдовро сафири нави фавқулъодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон таъин намуд.




Оқои Зубайдов 51 сол дошта, хатмкардаи шӯъбаи арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Солҳои 80-уми қарни гузашта ба ҳайси тарҷумон дар кишварҳои Ироқу Яман кор кардааст. Аз соли 1987 то соли 2006 раҳбарии шӯъбаи равобити хориҷии ҳукумати шаҳри Душанбе ва Раёсати протоколи давлатии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Аз соли 2006 то 2008 дар сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ҳайси котиби аввал ва мушовир кор кардааст. Дорои рутбаи дипломатии Сафири фавқулъодда ва мухтор, дараҷаи якум мебошад.



Зубайдулло Зубайдов дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Покистон, Саидбег Саидовро иваз намуд. Ёдовар мешавем Саидов мутобиқи фармони президенти мамлакат аз 13-уми сентябри соли ҷорӣ сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъин карда шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.