М.Убайдуллоев сафири Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Дорис Хертрампфро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев хонум Дорис Хертрампфро бобати таъин шуданаш ба ҳайси Сафир дар Тоҷикистон шодбош гуфта, таъкид […]

root


Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Дорис Хертрампфро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.




Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев хонум Дорис Хертрампфро бобати таъин шуданаш ба ҳайси Сафир дар Тоҷикистон шодбош гуфта, таъкид ва изҳори боварӣ намуд, ки бо фаъолияти ӯ дар ин вазифаи олии дипломатӣ, ки дар кишвари мо шурӯъ кардааст, сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, пеш аз ҳама дар самти иқтисодӣ тақвияти тоза касб хоҳанд кард.



Зеро дар марҳилаи рушди муносибатҳои дуҷониба, ки аз мароми Роҳбарияти олии мамлакатҳо сарчашма мегиранд истифодаи потенсиали воқеӣ, ки бархӯрди ҳадафҳои тарафайнро ҷавобгӯ бошанд, ба таври дилхоҳ анҷом нагирифтааст. Итминон аст, ки баҳри расидагӣ ва фарогирии холигии ҳамкориҳо робитаву муносибатҳои байнипарламентӣ нек ба роҳ монда шуда, дар партави сиёсати дарҳои кушодаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ потенсиали парламентарҳои кишварҳо беш аз ҳарвақта мавриди истифода қарор мегиранд. Дар ин равобит Парламенти Тоҷикистон, қабл аз ҳама Маҷлиси миллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки гурӯҳи дӯстии парламентиро барои густариши равобити байнипарламентӣ таъсис диҳад.



Хонум Дорис Хертрампф аз пазироӣ ва мӯҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос намуда, дар навбати худ афзуд, ки бо истифода аз ваколатҳои ба зиммадоштааш ҷиҳати таҳкиму тақвият ва густариши муносибатҳои байнипарламентии ду ҷониб ва тавассути он мусоидат намудан ба густурдагии муносибати ин ҷониб бо Парламенти Аврупо тадбирҳои судмандро анҷом диҳад.




Муло



қ



от дар фазои



ҳ



усни тафо



ҳ



ум ва созанда ба итмом расид



. Дар ин бора

   

ёвари Раиси Ма


ҷ


лиси миллии Ма


ҷ


лиси Олии


Ҷ


умҳурии

 

То


ҷ


икистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлат


ӣ Шавкат Саидов хабар дод.



 






 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.