Вохӯриҳои намояндаи Хадамоти муҳоҷират бо муҳоҷирони Волгоград

Date:


Роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия Асрор Одинаев аз вилояти Волгоград боздид намуда, бо шароити кор ва будубоши муҳоҷирони кории тоҷик аз наздик ошно гардид.

Бино ба маълумоти намояндагии мазкур, дар ҷараёни сафар А.Одинаев бо фаъолияти корхонаҳои бахши кишоварзии ин вилоят – ҶДММ «Агропрогресс» ва ҶДММ «Карповский», ки дар ин хоҷагиҳо 345 нафар муҳоҷирон аз вилояти Суғд кору зиндагӣ доранд, шинос шуд.

«Зимни мулоқот бо роҳбарони хоҷагиҳои мазкур масоили вазъи кор ва зиндагии муҳоҷирон, қонунӣ гардонидани будубоши онҳо дар қаламрави вилоят, мутобиқати иҷтимоии онҳо ба муҳити фарҳангии ҷомеаи Русия ва таҳкими ҳамкориҳо бо диаспораи тоҷикон баррасӣ шуданд», – гуфтанд дар намояндагӣ.

А.Одинаев ҳамчунин бо иҷрокунандаи вазифаи вазири меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Волгоград гуфтушунид анҷом дода, дар вохӯрӣ перомуни қаблан ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намудани маълумот дар бораи ҷойҳои кории холӣ мувофиқа ҳосил шуд.

Ба иттилои манбаъ, роҳбари намояндагӣ бо толибилмон (курсантҳо)-и тоҷик, ки дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Волгоград таҳсил мекунанд, низ вохӯрӣ гузаронид. Айни замон дар ин Академия 43 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...