Нигаронии Иттиҳоди Аврупо аз рӯйдодҳои ахир дар ВМКБ

spot_imgspot_img

Дата:


Иттиҳоди Аврупо рӯйдодҳои ҷадид ва гузоришҳо оиди қурбониҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суратгирифта изҳори нигаронӣ менамояд, – зикр мегардад дар изҳори интишорнамудаи Иттиҳоди Аврупо.

«Мо умедворем, ки зиддияти мусаллаҳ бино ба рӯй надодани талафотҳои минбаъда ҳар чӣ зудтар қатъ мегардад. Мо аз мақомотҳои ҳокимият ба барқарорсозии воситаҳои алоқа, таъмини бехатарӣ ва муҳайё кардани шароити мусоид барои расондани кӯмаки башардӯстона ба аҳолии ғайринизомӣ, ва инчунин ташкил сохтани гузаргоҳ барои хоҳишмандони тарки доираи амалиёти ҳарбӣ даъват менамоем», – омадааст дар изҳорот.   

Дар изҳорот зикр мегардад, Иттиҳоди Аврупо изҳори нигаронӣ инчунин ҷиҳати оқибатҳои эҳтимолии рӯйдодҳои мазкур менамояд, ва аз тарафайни муҳориб дархост мекунад, ки то зоҳири худдорӣ намоянд ва инчунин аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунад, то бо максади таъминкунии устуворӣ дар минтақа нақшаи амалиёт ва чорабиниҳои мувофиқ ва мутаносибро андешад.

Мо ҳамчунин зарурати риояи озодии ақида ва андеша, ва ҳуқуқи дастрасии иттилоот ба мардум таъкид менамоем.  Ба назардошти ин, Иттиҳоди Аврупо ба нигаронии Намояндаи САҲА оид ба масоили озодии васоити ахбори умум дар изҳороти матбуотии 24 июли соли 2012 дар бораи муҳосираи муваққатии сомонаи Агентии хабарии Азия-плюс дар Тоҷикистон ҳамфикр мебошад. Мо бори дигар назари дар изҳороти 8 марти соли 2012 овозкардаи худ дар ҷавоб ба муҳосираи як қатор сомонаҳои дигар аз тарафи мақомотҳои ҳокимияти Тоҷикистон таъкид менамоем.  Бо назари Намояндаи САҲА оид ба масоили озодии васоити ахбори умум оиди новобаста ба қонунияти масоили бехатарӣ бояд барои маҳдуд намудани чараёни иттилоъ асос набошанд, розигии комили хешро изҳор менамоем. 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...