Сиёсатмадори варзида ва рӯҳони маъруф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода қотилони генерал Абдулло Назаровро маҳкум намуда, аммо бар ин назар аст, ки роҳандозии амалиёти низомӣ дар Хоруғ ба хотири онҳо зарурате надошт.
Ба қавли Тӯраҷонзода, қотилон бояд дастгир ва муҷозот шаванд, вале ба хотири чор нафар кушта шудани нафарони зиёд ва хароб шудани биноҳоро қобили қабул намешуморад. «Аз ҳама муҳимаш он аст, ки муносибати сокинони Бадахшон нисбат ба ҳукумат тағйир меёбад. Мо ҳама дар бораи сулҳу ваҳдат ҳарф мезанем, вале бо ин усул барқарор кардани ваҳдат ғайриимкон аст», – гуфт вай.
«Ман умуман бо чунин тарзи мубориза бо гурӯҳи ҷиноятпеша розӣ нестам, зеро гунаҳкорони куштор маълуманду онҳоро муҳофизони генерал Назаров медонанд ва дар муддати 2-3 ҳафта метавонистанд онҳоро дастгир намоянд», – мегӯяд ҳамсуҳбат.
Тӯраҷонзода зикр кард, ки қотилонро бояд кормандони милисаву прокуратура ва КДАМ ҷустуҷӯ кунанд, на артиш. «Истифодаи артиш бояд танҳо дар ҳолатҳои фавқулода сурат гирад, ин ҷо бошад, дарҳол низомиёнро ворид карда, дар шаҳри сераҳолӣ ба амалиёт оғоз карданд. Ман инро маҳкум мекунам, ин ғайриқонунӣ аст, роҳандозии иқдоми ҳаросафканӣ чӣ зарурат дорад ва ман инро намефаҳмам», – иброз дошт Тӯраҷонзода.
Рӯҳони маъруф иқдоми мазкурро аз нигоҳи ислом низ маҳкум менамояд, зеро он дар моҳи шарифи Рамазон сурат гирифтааст. «Ин маънои онро дорад, ки рӯйдодҳои муҳиме чун моҳи шарифи Рамазон дар ҳаёти онҳо ҳеҷ ҷойгоҳе надорад», – афзуд Тӯраҷонзода.



