Интиқоли шабонарӯзии то 500 ҳазор кВт барқи Тоҷикистон ба Қазоқистон

Моҳи июли соли равон аз Тоҷикистон ба Қазоқистон дар маҷмӯъ беш аз 12 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ. Ба гуфтаи вай, ахири моҳи июни соли равон миёни энергетикҳои ҳарду кишвар дар бораи интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Моҳи июли соли равон аз Тоҷикистон ба Қазоқистон дар маҷмӯъ беш аз 12 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ба гуфтаи вай, ахири моҳи июни соли равон миёни энергетикҳои ҳарду кишвар дар бораи интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Қазоқистон мувофиқа ҳосил шудааст.

«Интиқоли барқ ба Қазоқистон метавонист ҳанӯз моҳи майи соли равон шурӯъ гардад, вале ҷонибҳо дар бораи қимати он ба мувофиқа нарасида буданд, – изҳор кард Н.Ёдгорӣ. – Дар ниҳояти кор мувофиқа ҳосил шуд, ки Қазоқистон барои 1 кВт нерӯи барқ 2 сент пардохт хоҳад кард. Албатта, нарх хеле паст аст, вале назар ба холӣ партофтани об, бо ин нарх ҳам фурӯхтан беҳтар аст».

Н.Ёдгорӣ зикр кард, ки айни замон тавассути шабакаи хатти интиқоли Қирғизистон аз Тоҷикистон ба Қазоқистон шабонарӯзӣ то 500 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад.

Бино ба гуфтаи Н.Ёдгорӣ, айни замон дар Тоҷикистон шабонарӯзӣ ҳудуди 53 млн.кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мешавад, ки 47 млн. кВт/соати он барои эҳтиёҷоти дохилӣ истифода мегардад.

Ёдгорӣ таъкид кард, ки ба ҷуз Қазоқистон, нерӯи барқи Тоҷикистон ҳамчунин ба Афғонистон низ интиқол дода мешавад.

Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», дар нимсолаи аввали соли равон тавассути хатти интиқоли барқи 220 кВ «Сангтӯда-Пули Хумрӣ» аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар маҷмӯъ беш аз 190 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст. Айни замон ҳаҷми шабонарӯзии интиқоли барқ ба Афғонисоон тавассути ин хат 2,4 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад.

Айни замон аз ҷониби ширкатҳои «Барқи тоҷик» ва «Помир Энерҷи» шабонарӯзӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон то 4,4 млн. кВт/соат ва соли равон» дар маҷмӯъ беш аз 245 млн кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.