Ҳаҷми ҷамъоварии картошка нисбат ба соли гузашта 20% бештар аст

То имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳудуди 70 ҳазор тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта қариб 14 ҳазор тонна бештар аст. Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, соли равон ҳосилнокии картошка низ тақрибан ба андозаи 10% афзуда, аз ҳар як гектар 185 сентнер ҳосил ба даст оварда шудааст. Бино […]

Пайрав Чоршанбиев


То имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳудуди 70 ҳазор тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта қариб 14 ҳазор тонна бештар аст.

Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, соли равон ҳосилнокии картошка низ тақрибан ба андозаи 10% афзуда, аз ҳар як гектар 185 сентнер ҳосил ба даст оварда шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар майдони беш аз 20 ҳазор гектар картошка кишт шуд, ки нисбат ба соли гузашта 563 гектар зиёдтар аст. Айни замон ҳамагӣ дар майдони 3,6 ҳазор гектар ҳосил ҷамъоварӣ гардидааст.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли равон хоҷагиҳои фермериву корхонаҳои бахши кишоварзӣ беш аз 460 ҳазор тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ карданианд.

Дар ҳамин ҳол, феълан дар бозорҳои пойтахт камбуди шадиди картошка ба мушоҳида мерасад. Тибқи баъзе маълумот, камбуди ин намуди маҳсулот ба таври сунъӣ аз ҷониби фурӯшандагон рӯйи кор омадааст, зеро нархи барои фурӯши картошка муқарраргардида аз ҷониби мақомоти шаҳрдории Душанбе бар зиёни онҳо будааст.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қарори раиси пойтахт «Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе», ба тоҷирон тавсия дода шудааст, ки дар моҳи шарифи Рамазон картошкаро бо нархи то 2 сомонӣ ба фурӯш бароранд. Дар навбати худ, фурӯшандагон бар ин назаранд, ки фурӯши картошка бо ин нарх ба онҳо суде намеорад.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.