«Созандагони Ватан» қатли раиси бахши ҲНИТ дар Хоруғро маҳкум мекунад

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон қатли раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Сабзалӣ Мамадризоев дар Хоруғро маҳкум мекунад. Ташкилоти «Созандагони Ватан» аз сохтори дахлдори давлатӣ дархост мекунад, ки оид ба ин ҳодиса тафтишоти ҳамаҷонибаву мӯшикофона гузаронида шавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» пешвои бахши ҷавонони ҲХДТ Адҳам Мирсаидов хабар дод, сарфи назар […]

Аваз Юлдошев


Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон қатли раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Сабзалӣ Мамадризоев дар Хоруғро маҳкум мекунад.

Ташкилоти «Созандагони Ватан» аз сохтори дахлдори давлатӣ дархост мекунад, ки оид ба ин ҳодиса тафтишоти ҳамаҷонибаву мӯшикофона гузаронида шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» пешвои бахши ҷавонони ҲХДТ Адҳам Мирсаидов хабар дод, сарфи назар аз мавқеи сиёсӣ, марҳум намояндаи насли ҷавонони миллати тоҷик буд.

Дар робита ба рӯйдодҳои ахири шаҳри Хоруғ раиси ташкилоти «Созандагони Ватан» ҷавононро ба ваҳдату якдилӣ даъват карда, зикр кард, ки ба вазъи мавҷуда дар Хоруғ гурӯҳҳои муайяни ҷиноятпеша манфиатдоранд.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли гузашта таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 12 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат