Вазири адлия: Дар Тоҷикистон озодии баён ҳукмфармост

Чанде қабл дар Женева Кумитаи СММ оид ба барҳам додани ҳама гуна навъҳои табъизи нажодӣ баррасии гузориши муттаҳидаи Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои қонунгузорӣ, судӣ, маъмурӣ ва дигар чораҳо баҳри барҳам додани табъизи нажодиро ба итмом расонид. Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, зимни суханронӣ дар назди аъзои Кумитаи СММ вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев изҳор […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл дар Женева Кумитаи СММ оид ба барҳам додани ҳама гуна навъҳои табъизи нажодӣ баррасии гузориши муттаҳидаи Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои қонунгузорӣ, судӣ, маъмурӣ ва дигар чораҳо баҳри барҳам додани табъизи нажодиро ба итмом расонид.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, зимни суханронӣ дар назди аъзои Кумитаи СММ вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев изҳор кард, ки бо аҳолии 7,8 млн. нафар дар ҷумҳурӣ 137 гурӯҳҳои этникӣ ба сар бурда, таъмини баробарии нажодӣ дар Сарқонуни кишвар дарҷ ёфтааст.

Вазир таъкид кард, ки Тоҷикистон ҷиҳати роҳ надодан ба поймолкунии ҳуқуқ аз рӯйи нажод, ҷинс, забон, мансубият ба миллат ва мазҳаб сиёсати қатъиро роҳандозӣ намуда, ба зоҳир гардидани бадбинӣ дар асоси нажоду мазҳаб тибқи қонунгузорӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи Р.Менглиев, ҳукуматдорони Тоҷикистон насли наврасро дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром гузоштан ба фарҳанги дигар халқу миллатҳо тарбия намуда, дар ҷумҳурӣ озодии баён ҳукмфармрст ва оҷонсиҳои иттилоотӣ бо забонҳои гуногун фаъолият доранд.

Коршиносони Кумитаи СММ ба ҳайати Тоҷикистон доир ба вазъи аққалиятҳои мазҳабӣ, ҳамкории ҳукумат бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ, тақдири муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, самаранокии фаъолияти сафорат ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти онҳо, аз ҷумла дар ҳифз аз табъизи нажодӣ саволҳо доданд.

Хулосаҳои коршиносони Кумитаи СММ оид ба вазъи табъизи нажодӣ дар Тоҷикистон ва тавсияҳои дахлдор дар ҷаласаи ниҳоии иҷлосияи мазкури Кумита рӯзи 31-уми августи соли равон пешниҳод мегарданд. Санаи 28-уми август Кумита роҷеъ ба масъалаҳои табъизи нажодӣ бар асари бадбинӣ муколамаҳо доир менамояд.

Қобили зикр аст, ки Кумитаи СММ оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ аз 18 нафар коршиносон иборат буда, ҷиҳати назорати иҷрои Конвенсияи байнулмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми навъҳои табъизи нажодӣ таъсис дода шудааст.

Конвенсияи мазкур соли 1965 аз ҷониби Маҷмаи Кулли СММ қабул гардида, соли 1969 мавриди амал қарор гирифт. Марҳила ба марҳила 175 кишвари дунё, ки иштирокчии Конвенсияи мазкур мебошанд, дар назди Кумитаи СММ оид ба иҷрои талаботи ин санади байнулмилалии ҳуқуқӣ ҳисобот медиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат