Пирӯзии футболбозони навраси тоҷик дар мусобиқоти «Ҷомӣ дӯстӣ»

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-14) дар мусобиқоти байнулмилалии «Ҷоми дӯстӣ» дар Қирғизистон пирӯзӣ ба даст оварданд. Бино ба маълумоти Федератсияи фуболи Тоҷикистон, дар вохӯрии охирини худ рӯзи гузашта футболбозони тоҷик бар дастаи «Қирғизистон-2» бо ҳисо 2 бар 0 дастболо гардидаанд. Ҳамин тариқ, дастаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов дар панҷ вохӯрии […]

Аваз Юлдошев


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-14) дар мусобиқоти байнулмилалии «Ҷоми дӯстӣ» дар Қирғизистон пирӯзӣ ба даст оварданд.

Бино ба маълумоти Федератсияи фуболи Тоҷикистон, дар вохӯрии охирини худ рӯзи гузашта футболбозони тоҷик бар дастаи «Қирғизистон-2» бо ҳисо 2 бар 0 дастболо гардидаанд.

Ҳамин тариқ, дастаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов дар панҷ вохӯрии ин мусобиқот панҷ ғалаба ба даст оварда, зинаи аввалро ишғол карданд. Ба дастаи Тоҷикистон Ҷоми мусобиқоти мазкур тақдим гардид. Ҳамчунин дарвозабони дастаи Тоҷикистон Беҳрӯз Хайриев дарвозабони беҳтарини мусобиқот дониста шуд.

Ёдрас мекунем, ки дар чор вохӯрии қаблӣ дастаи Тоҷикистон бар дастаи «Динамо-Юниор» (Омск) бо ҳисоби 4 бар 1, тими аввали наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 2 бар 0, дастаи Туркманистон бо ҳисоби 2 бар 1 ва дастаи «Монтажник»(Қазоқистон) бо ҳисоби калони 13 бар 0 ғолиб омада буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.