Дархости мири Ботканд ҷиҳати озодии вакили қирғиз аз тавқифгоҳи Хуҷанд

Раиси шаҳри Ботканди кишвари ҳамсояи Қирғизистон ба унвони прокурор ва раиси вилояти Суғд ҷиҳати озод кардани шаҳрванди Қирғизистон аз тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд дархост ирсол намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Абдураҳмон Тӯраев, адвокати шаҳрванди хориҷии боздоштшуда хабар дод, раиси шаҳри Ботканди Қирғизистон Саидаҳмад Эрматов дархост кардааст, ки барои озодии вакили Кенеш (Маҷлис)-и шаҳрии Ботканд Икром […]

Мавлуда Рафиева


Раиси шаҳри Ботканди кишвари ҳамсояи Қирғизистон ба унвони прокурор ва раиси вилояти Суғд ҷиҳати озод кардани шаҳрванди Қирғизистон аз тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд дархост ирсол намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Абдураҳмон Тӯраев, адвокати шаҳрванди хориҷии боздоштшуда хабар дод, раиси шаҳри Ботканди Қирғизистон Саидаҳмад Эрматов дархост кардааст, ки барои озодии вакили Кенеш (Маҷлис)-и шаҳрии Ботканд Икром Сиддиқов, ки ба гумони даст доштан дар қочоқи симоб боздошт шудааст, мусоидат карда шавад.

Шаҳрванди Қирғизистон Икром Сиддиқов айни замон дар тавқифгоҳи муваққатии №2-и шаҳри Хуҷанд қарор дорад. Ба гуфтаи адвокат, рӯзи 2-юми август Сиддиқов ба унвони директори маркази дифоъ аз ҳуқуқи «Адвокати ту»-и шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ҷӯраева ариза навишта, дар он дархост кардааст, ки ба озодии ӯ аз тавқифгоҳ мусоидат намоянд, зеро ӯ вакили шаҳри Ботканд аст.

«Мутобиқи моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд», – зикр кард Тӯраев.

Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки мувофиқи муқаррароти Конвенсия «Дар бораи кӯмаки ҳуқуқӣ дар парванадҳои оилавӣ, шаҳрвандӣ ва ҷиноӣ», зерҳимояи ӯ аз ҳуқуқи дахолатнопазирии вакилӣ бархӯрдор аст.

«Мувофиқи моддаи 14, қисми 4-и Кодекси ҷиноии ҶТ, «масъалаи ҷавобгарии ҷиноятии намояндагони дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва шаҳрвандони дигари дорои масуният, дар ҳолати аз ҷониби ин шахсон содир шудани ҷиноят дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи  байналмилалӣ  ҳал мешавад», – таъкид кард адвокат.

Ёдрас мекунем, ки санаи 20-уми июни соли равон дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Исфараи виояти Суғд кормандони милиса автомашина таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон Манасбек Нодировро боздошт намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии автомашина аз дохили он як миқдор маводи кимиёвии зарарнок – симоб дарёфт гардид, ки вазни он 90,5 килоро ташкил дод. Боз ду нафар шаҳрвандони Қирғизистон – Икром Сиддиқов ва Чингиз Абдураҳмонов ва ҳамчунин шаҳрванди Тоҷикистон – Ёқубхӯҷа Ҳомидов низ ҳамроҳи ронанда дар дохили ин автомашина қарор доштанд.

Аз рӯйи ин далел дар прокуратураи шаҳри Исфара нисбат ба боздоштшудагон мутобиқи моддаи 206, қ. 3 (Муомилоти ғайриқонунии моддаҳои  сахттаъсир  ё заҳролуд бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) ва 289, қ. 2 (Қочоқ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Пас аз чанд рӯз бинбар сабаби мавҷуд набудани далел нисбат ба ронанда, ӯ озод гардид. Айни замон шуъбаи тафтишотии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба тафтишоти парвандаи ҷиноии мазкур машғул аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.