Мурофиаи судии боз як гумонбар ба қатли Парвиз Давлатбеков

Ахири ҳафтаи гузашта дар Душанбе мурофиаи судии боз як нафари гумонбар ба қатли Парвиз Давлатбекови 24-сола, ки шаби Соли нав сарулибоси Бобои Барфиро ба бар карда буд, оғоз гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди шаҳр хабар доданд, судшаванда Фирӯз Нарзуллоев чанде баъдтар аз боздошти иштирокчиёни ҷиноят, ки аллакай маҳкум шуданд, дастгир гардид. Ӯ ба […]

Наргис Ҳамробоева


Ахири ҳафтаи гузашта дар Душанбе мурофиаи судии боз як нафари гумонбар ба қатли Парвиз Давлатбекови 24-сола, ки шаби Соли нав сарулибоси Бобои Барфиро ба бар карда буд, оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди шаҳр хабар доданд, судшаванда Фирӯз Нарзуллоев чанде баъдтар аз боздошти иштирокчиёни ҷиноят, ки аллакай маҳкум шуданд, дастгир гардид. Ӯ ба гумони дасти доштан дар қатли Давлатбеков таҳти пайгарди қонунӣ эълон гардида буд.

«Ӯ ба авбошӣ айбдор карда шуда, дар парвандаи мазкур ба сифати шарик ҳузур дорад», – зикр карданд дар суд.

Мурофиаи судии мазкур таҳти раёсати судя Саидҷон Раҷабов ҷараён дорад.

Ёдрас мекунем, ки шаби Соли нав Парвиз Давлатбекови 24-сола бо сарулибоси Бобои Барфӣ мавриди ҳамлаи якчанд ҷавонон гардида, аз захмҳои корд ба ҳалокат расид.

Ба гумонбарӣ дар содир намудани ин ҷиноят якчанд нафар, аз ҷумла як ноболиғ боздошт шуданд. Аввали моҳи май Беҳрӯз Шарифов аз ҷониби суд дар содир намудани ҷинояти мазкур гунаҳор дониста шуда, ба муддати 10 соли зиндон маҳкум гардид. Ду нафари дигар – Шараф Давлатов ва Фаррух Самиев ба авбошӣ муттаҳам дониста шуда, ҳар кадоме ба муддати 4 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Нафари чоруми гумонбар Ҳасан Абдурашидов дар ҳаҷми 100 нишондиҳандаи ҳисоб (як нишондиҳандаи ҳисоб ба 40 сомонӣ баробар аст) ҷаримабандӣ гардид. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.